
30 августи соли равон дар назди Гимназияи №3-и деҳаи Қалъачаи Бакавули шаҳри Истаравшан бинои иловагии таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои мазкур барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шуда, бо дастгирии кумитаи падару модарон, соҳибкорони маҳаллӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаи таълимӣ бо харҷи беш аз 800 ҳазор сомонӣ ва шароити ба талабот ҷавобгӯ бунёд гардидааст.
Зимни суҳбат бо сокинон миннатдории роҳбарияти шаҳр барои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф баён карда шуд.
Ҳамзамон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и деҳаи Қалъаи баланди шаҳр низ бинои иловагии таълимӣ, ки имкони дар ду баст ҷойгир намудани 240 хонандаро дорад, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар бинои мазкур синфхонаҳо аз фанҳои физика, химия, математика ва таърих ҷойгир карда шуда, аёниятҳои синфхона барои азхуд кардани фанҳои мазкур мусоидат менамояд.




