АРТИШ ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – баргузории конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бӯстон

28 августи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дар доираи барномаи баргузории чорабиниҳо оид ба ташкил намудани сайру саёҳат ва истироҳату фароғати сарбозони ятими кулли қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд, ки аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тамошои филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” ва конфренсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Артиш - ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Абдурашид Ҳотамиён, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори меҳнат Карамулло Одилов, мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат варзиданд.

Дар конференсия 30 нафар сарбозони ятими кулл, ки дар қисмҳои ҳарбии Гарнизони Суғд адои хизмат мекунанд, сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Бӯстон, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияҳои Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Бӯстон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷавонони фаъоли шаҳри Бӯстон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд.

Кори конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода оғоз гардид. Зикр карда шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва якпорчагии Ватани маҳбубамон назди ҷавонони кишвар вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти бузургро доро мебошанд.

Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бемуҳобо, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавон ва умед бахшидан ба ояндаи дурахшони кишварамон аз омилҳои асосӣ гардид.

Тайи беш аз 31 соли фаъолият Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.

Баъдан, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамулло Одилов маърӯза намуда, қайд намуд, ки асосҳо ва заминаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири 33 соли соҳибистиқлолӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати комил маҳсули заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилӣ ва барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар нақши муассирро доро мебошанд.

Маҳз бо талошу заҳматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳон ҳамҷун таҷрибаи нодир эътироф гардид.

Сипас сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Абдурашид Ҳотамиён вобаста ба саҳми Артиши миллии кишвар дар ҳифз ва ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун як мактаби бузурги тарбияи насли ватандӯст ва хештаншинос андешаронӣ намуд.