
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишии футбол ба истифода дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии иншооти мазкур раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он беш аз 135 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон низ ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва тули солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ чандин иншооти варзишӣ бунёд ва таъмиру тармим гардида, барои истифодаи васеи сокинон пешниҳод карда шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонону наврасони шаҳрак онҳо метавонанд ба машқу тамрин машғул гардида, оянда номбардори диёр гарданд.
Сокинон аз марвиди истифода қарор гирифтани чунин иншооти барҳаво ва фароҳам омадани имконияти мусоид барои машғул гардидан ба навъи варзиши футбол изҳори хушнудӣ намуданд.




