
19 августи соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо мақсади шиносоӣ ва назорат аз раванди баргузории даври сеюми озмуни мазкур дар вилояти Суғд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон”-и вилояти Суғд ҷараён дорад, дидан намуданд.
Дилрабо Мансурӣ зимни сӯҳбат бо иштирокчиёни озмун ва ҳайати ҳакамон аз ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон доштани силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, зикр дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст, ки минбаъд ба рушд ва шукуфоии меҳани азиз хизмат намоянд.
Қайд гардид, ки то ба ҳамин давр расидани ҳудуди
1300 довталаб аз вилояти Суғд худ баёнгари он аст, ки доманаи озмун васеъ ва сафи иштирокчиён зиёд гардида истодааст. Ба онҳо тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш варзанд. Аз ҳайати ҳакамон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни санҷиши дониш, маҳорат ва истеъдоди довталабон саросема нашаванд, муомилаи хуш, то ба охир шунидани мақсади иштирокчӣ дар кадом сатҳ омода будани онҳоро ошкор месозад. Таъмини шаффофият ва адолат бояд шеваи кори ҳайати ҳакамон бошад.
Дар идома Дилрабо Мансурӣ ва Саидзода Раҳим Ҳамроҳ бо волидайни чанде аз иштирокдорони озмун дар саҳни бинои муассиса сӯҳбат намуда, ба падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори сипос намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки минбаъд низ барои тарбияи дурусти фарзандон саъю талош варзанд.
Чанде аз волидон ба Роҳбари фарҳангпарвару маърифатдусти мамлакат изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки фарзандонро чун пайрави асили Пешвои миллат тарбия мекунанд.
Ба масъулини баргузории чорабинӣ дастур дода шуд, ки ҳар як баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашонро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳанд.




