
15 августи соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро сарвати бебаҳо арзёбӣ карда, тавоноии давлатро бе он тасаввурнопазир медонанд.
Аз ин рў бунёди ҷомеаи солиму бардам ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, яке аз ҳадафҳои асосии давлати тозаистиқлоли мо ба ҳисоб меравад.
Сипас, як қатор собиқадорон ва кормандони фидоии соҳаи тиб бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо нишони сарисинагии "Аълочии соҳаи тандурустии Тоҷикистон" қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ, ки саршор аз васфи табибону шифокорон, сулҳу ваҳдат, меҳру муҳаббат ва ҳамгироӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии идона ҳусну таровати тоза зам намуд.




