Баргузории мулоқот бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар шаҳри Бӯстон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иттилоотӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ дар доираи таҷлили бошукуҳи 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар шаҳри Бӯстон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода, сардори бахши таълими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Иброҳимзода ва намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромиддин Дӯстов, Мухторҷон Сафаров ва Ҷовид Собиров ширкат намуданд. 

Маърӯзачиён вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози назар намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон суҳбати озод ва мубодилаи афкор сурат гирифт.