Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ҷамъомад баргузор гардид. 

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмончиёнро бо иди касбиашон табрик намуд. 

Қайд карда шуд, ки соҳаи сохтмон ва меъморӣ яке аз соҳаҳои пешрафтаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо сохтмончиён ва меъморони вилоят дар қатори тамоми сокинони вилоят фаъолияти пурсамар дошта, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат намуда истодаанд. 

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 1 миллиарду 248,0 миллион сомонӣ маблағгузориҳо аз худ карда шуда, 845,0 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,8 маротиба зиёд мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дошта, рӯз аз рӯз симои кӯчаву маҳалла, деҳаву деҳот ва шаҳраку шаҳрҳо тағйир ёфта истодааст.  

Сипас, ба як гуруҳ кормандони соҳа Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон бо мақсади қадрдонӣ намудани меҳнати сохтмончиён ва саҳми онҳо дар рушди инфрасохтор ва сохтмони биноҳо ва иншооти муҳими кишвар таҷлил карда мешавад.