Панҷакент. Дар деҳоти Сӯҷина мактаби нав сохта шуд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории соҳибкорону сокинони деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Сӯҷина бинои иловагии таълимӣ бунёд гардид.

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 69 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохт. Он дорои 14 синфхона ва дигар утоқҳои ёрирасон барои 672 хонанда дар ду баст буда, корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик ба анҷом расонида хоҳад шуд. Дар бино корҳои асосии сохтмонӣ анҷом ёфта, ҳоло ороиши синфхонаҳо ва ва намои берунаи бино идома дорад. 

Бо мавриди истифода қарор додани бинои нав масъалаи норасоии синфхона дар таълимгоҳ пурра ҳалли худро меёбад.