Исфара. Мулоқоти гуруҳи корӣ бо сокинони Кӯлканд

Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳоти Кӯлканд баргузор гардид. 

Муовинони раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина ва Зиёваддинзода Суруридин дар вохӯрӣ нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, аз сокинон даъват намуданд, ки ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори хоса дода шавад.

Ҳамзамон, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ ибрози назар карда шуд.