ВАТАН БО ДИЛОВАРОНИ ШУҶОЪ ИФТИХОР ДОРАД! - таҷлили рӯзи десантчиён дар шаҳри Бӯстон

2 август дар қисми низомии 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи десантчиён ҷамъомади идона доир гардид. 

Дар ҷамъомад роҳбарияти шаҳр, муовини Фармондеҳи Қушӯнҳои хушкидгарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Раҳматзода Қурбон, комиссари ҳарбии шаҳри Бӯстон полковник Далер Солеҳзода, командири қисми қарбии 01972 полковник Абдулмумин Асозода, намояндагои прокуратураи ҳарбии Гарнизони Суғд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд. 

Ҷамъомади идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. 

Зикр карда шуд, ки хизмату фидокорӣ ва матонату шуҷоати ҳар як хизматчии далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар меҳвари сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста баҳри таҳкими пояҳои моддию техникии баталёнҳои десантӣ, беҳбудии вазъи иҷтимоии хизматчиёни ин ниҳоди пуриқтидори ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Мусаллам аст, ки ба зиммаи хизматчиёни шуҷои қисми низомии 08362-и Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 29-умин баталёни алоҳидаи десантии ҳамлаовари кӯҳӣ иҷрои вазифаҳои махсусан муҳимми ҷангӣ вогузор гардидаанд, яъне десантчиён вазифаҳои вазнин, махсусан муҳим ва масъулиятнокро ба уҳда доранд.

Муовини Фармондеҳи Қушӯнҳои хушкидгарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Раҳматзода Қурбон зимни ироаи паёми табрикии Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард иброз дошт, ки бо дарназардошти ин ва барои дар шароити кӯҳӣ омода намудани десантчиён дар мавзеъҳои гуногуни кишвар машқгоҳу марказҳои таълимӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва инфрасохтори муосир ташкил карда шудаанд, ки ҳоло десантчиён дар онҳо малакаву маҳорати худро дар самти анҷом додани амалиёти ҷангӣ дар шароити гуногун, аз ҷумла дар минтақаҳои душвору баландкӯҳ сайқал медиҳанд.

 Дар идома намоиши ҳарбикунонида пешкаш ва ҳолатҳои маҳви душман ба намоиш гузошта шуд. 

Дар ин рӯз барои хизматчиён ва сарбозони қисми низомии 08362-и Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 29-умин баталёни алоҳидаи десантии ҳамлаовари кӯҳӣ дастурхони идона ороста шуд.