Мумфаршкунии роҳҳо дар маҳаллаҳои шаҳри Истаравшан

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сокинон дастаҷамъона дар иҷрои корҳои хайру савоб саҳм гузошта истодаанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, сокинону соҳибкорони маҳаллаи Шаббода бо харҷи зиёда аз 200 000 сомонӣ зиёда аз 1 км роҳи дохили маҳалларр мумфарш намуда истодаанд.

Пеш аз мумфаршкунӣ бо харҷи 365 000 сомонӣ чоҳи амудӣ кофта, 145 хонаводаро дар ин маҳалла бо оби тозаи ношукӣ таъмин намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки сокинони маҳаллаи мазкур соли сипаригардида низ бо дастгирии сокинону шахсони саховатпеша наздик 4 км роҳҳои дохилиро мумфарш намуда буданд.