Ашт. Сокинони деҳаи Соҳили Сир 10 км роҳро мумфарш мекунанд

Сокинони деҳаи Соҳили Сири Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт тасмим гирифтаанд, ки 10 километр роҳи деҳаро мумфарш намоянд.

Чанде пеш мумфаршкунии роҳҳо бо иштироки роҳбарияти ноҳия оғоз ёфта, сокинон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии худро изҳор доштанд. Таъкид гардид, ки ободии Ватан аз ободии ҳар манзил шуруъ мешавад ва дар ин раванд дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба мумфарш кардани роҳҳо машғул ҳастанд.

Бояд гуфт, ки мумфарш кардани роҳ тариқи ҳашар дар ноҳияи Ашт ба анъанаи нек табдил ёфта, то имрӯз беш аз 60 километр роҳ дар ноҳия мумфарш гардид.