Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинон дар Исфара

Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара  имрӯз санаи 18 июл вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шӯроб баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва  номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин,  пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ сухан гуфтанд.

Ба сокинон ҳамзамон доир ба тағйиру иловаҳои воридшуда ба як қатор қонунҳо маълумот дода шуда, барои танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии зоҳирпарастиву худнамоишдиҳӣ тавсияҳо ироа гардид.