Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад.
Як моҳ қабл зимни боздид аз шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи деҳаи Варзикандаи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ оғоз бахшида, ба ин ташаббуси сокинони деҳа баҳои баланд дода, онҳоро даъват карда буд, ки сарҷамъ шуда, аҳлона барои ободии Ватани маҳбубамон саъю талош намоянд.
Инак, роҳи деҳа аз шоҳроҳ дар масофаи 2,7 километр бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории сокинони деҳа ва ҷалби техникаи роҳсозии муассисаи истифодаи роҳҳои автомобилгарди шаҳр бо сифати хуб мумфарш карда шуд.
Зимнан, соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мумфарш кардани 26,2 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.