Пирӯзии хонандагон дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle 2024»

Аз 23 то 30-юми июни соли 2024 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle 2024» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан ва Бӯстон низ иштирок намуданд.         

Олимпиадаи мазкур аз рӯи 3 категорияи синну солӣ ва 2 номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-11 сурат гирифт.    

Дар олимпиада аз вилояти Суғд 12 нафар иштирок намуда, ҳамаи хонандагон ба ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шуданд. Аз ҷумла, 1 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 5 нафар сазовори ҷойи 2-юм, 6 нафар соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд.     

Маросими ҷоизасупории олимпиадаи мазкур дар донишгоҳи Сурейи шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва медалҳо мукофотонида шуданд.

Хонандагон ба Ватан баргаштанд ва онҳоро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва масъулини Раёсати маорифи вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.