Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии Қувваҳои 03040- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳияи Шаҳристон Ҷасур Ҳоҷимуродзода фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба афсарону сарбозон табрик гуфта, ба сарбозони шуҷои Ватан Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.
Таъкид гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дар рӯзҳои вазнинтарини мамлакат содиқона хизмат карда, имрӯз низ таъмини амнияти давлату миллатро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Пас аз қисми расмии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, дар охир дастархони идона ороста шуд.