Мулоқот бо сокинони деҳоти Хонободи шаҳри Исфара

Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара санаи 21 июн бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳоти Хонобод мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим тавсияҳо дода шуд.