Бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ СММ) лоиҳае татбиқ шуда истодааст, ки “Ғизои мактабӣ бо истеҳсолоти маҳаллӣ” ном дорад. Ин лоиҳа дар шаш минтақаи кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд амалӣ гардида, як қатор мактабҳо бо маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва пурғизои нисбат ба бозор арзонтар таъмин мегарданд.
20 июни соли 2024 меҳмонон аз ташкилотҳои байналхалқию давлатӣ ва рӯзноманигорон бо ҳамроҳии намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ба гармхонаи и истеҳсолии занона дар ноҳияи Спитамен ташриф оварданд. Ин гурӯҳи истеҳсолӣ ва гармхонаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Ғизои мактабӣ бо истеҳсолоти маҳаллӣ”, ки бо ташаббуси Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ва маблағгузории Федератсияи Россия аввалин маротиба дар Тоҷикистон ба таври озмоишӣ амалӣ шуда истодааст, ташкил гардидааст. Ин лоиҳа барномаҳои ғизои мактабиро бо деҳқонони маҳаллӣ барои таъмини мактаббачагон бо ғизои бехатар, гуногун, серғизо ва пеш аз ҳама маҳаллӣ пайваст мекунад. Амалисозии ин лоиҳаро Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ба шарики маҳаллиаш - ташкилоти машваратии “Нексигол Мушовир” вогузор кардаву ташкилот ӯҳдадориашро дар сатҳи баланд иҷро карда истодааст.
Лоиҳа аз барномаҳои интиқоли технологияҳо ва таҳкими иқтидор барои гурӯҳҳои истеҳсолкунандагони хурд иборат аст. Барномаи интиқоли технологияҳо таъсиси бонкҳои тухмӣ, иншоотҳо барои истеҳсоли компосту биогумус, технологияи нақбӣ ва гармхонаи офтобӣ барои парвариши сабзавот дар давраи ғайримавсимӣ, кишоварзии амудӣ барои истеҳсоли хӯроки сабзи чорво, микросабзаҳою занбӯруғҳо ва чорводориро дар бар мегирад.
Адҳам Мусаллам, роҳбари намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш дар ноҳияи Спитамен бо рафти татбиқи лоиҳа шинос шуданд. Ба деҳқонзанон ҷиҳати рушд додани соҳаи кишоварзӣ бо усулҳои муосир, ҷалби бештари занон ва парвариши меваҷоту сабзавот дар гармхонаҳо, ки бевосита ба таъмини мактаббачагон бо ғизои аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва серғизо равона шудааст, тавсияҳо дода шуд.
Дар амалишавии лоиҳа манфиати тарафайн ба назар гирифта шуда, занону духтарон низ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Кӯдакон ҳам аз ғизои солим ва гуногун баҳравар мешаванд ва мактабҳо ба деҳқонони маҳаллӣ бозори пешбинишавандаро фароҳам меоранд, ки ба даромади устувор, афзоиши сармоягузорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ оварда мерасонад.
Нигора Ҳомидова, деҳқонзан аз ноҳияи Спитамен аст. Ӯ гуфт, ки баробари амалӣ шудани лоиҳаи “Ғизои мактабӣ бо истеҳсолоти маҳаллӣ” беш аз 15 нафар зан аз ин ҳисоб соҳиби ҷойи корӣ шудааст. Нигора хурсанд аз он аст ки ҳам кор карда даромади молӣ мегирад ва ҳам таҷрибаву малакаи нав дар соҳаи кишоварзиро соҳиб шуда барои пешбурди зиндагии худ истифода мекунад.
Боиси қайд аст, ки бо татбиқи ин лоиҳа парвариши зироатҳои нави барои ғизои солим муҳим, аз қабили карафси поядор (то ҳол аз Эрону Ӯзбекистон воридот мешуд), брокколи, гулкарам, микросабзаҳо, занбӯруғҳо, ки ҳанӯз барои бозори оммавӣ истеҳсол нашуда буд, ба роҳ монда шуд. Барои пешбурди корҳо таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир истифода шуда, сармоягузорӣ барои васеънамои кишти ин зироатҳо сурат гирифт.