Шоми дирӯз ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар вохӯрӣ-мулоқоти занони Тоҷикистону Чин, ки 20 июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мегардад, вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳри Хуҷанд аҳли зиё таҳти роҳбарии муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Тибқи барнома меҳмонон санаи 19-уми июн дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи муштараки расмҳои рассомони Тоҷикистон "Симои зан" ва симои каллиграфияи устодони чинӣ "Маънии ҳаёт" дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" иштирок намуда, аз намоишгоҳи ҳунарарҳои мардумӣ дар "Қалъаи Хуҷанд", Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Осорхонаи археологию фортификатсионии шаҳри Хуҷанд боздид менамоянд.
Санаи 20-уми июн дар шаҳри Хуҷанд Форуми занони Тоҷикистону Чин баргузор хоҳад шуд.