Маълумот барои кормандони ВАО оид ба Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024»

Барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» беш аз 500 нафар ба вилояти Суғд омаданд

Бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024», ки рӯзҳои 18-19 июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор мешавад, беш аз 500 нафар меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварданд.

Айни замон намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳал, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд.

Ҳамзамон, сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии Туркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон ба вилоят ташриф оварданд.

Роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск, Воронежи Федератсияи Россия, шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии мардумии Чин, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ барои иштирок дар ярмаркаи байналмилалӣ ба вилоят омаданд.

Меҳмонони баландмақом ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои зикршуда давоми рӯзи 18 июн дар Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ» ва маросими ифтитоҳи даҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» иштирок менамоянд.