16 июни соли равон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати Иди саиди Қурбон дастархони идона ороста мешавад.
Чорабиниҳо дар мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон гузаронида шуда, бошандагони муассисаҳо ба аёдат фаро гирифта мешаванд.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳамаи 12 муассисаи иҷтимоӣ ташриф оварда, аз номи роҳбарияти вилоят бошандагонро табрик мекунанд.