«Илм-ҳамчун омили асосии рушди Тоҷикистон». Зери ин унвон мулоқот доир гардид

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30 май ироа шуд, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Илм-ҳамчун омили асосии рушди Тоҷикистон” вохӯрӣ доир гардид.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода зимни вохӯрӣ таъкид намуд, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти кишвар дар ҳама бахшҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ҷойгоҳи махсус дорад. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 – юми май бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, идомаи мантиқии мулоқотҳои анъанавии Сарвари давлат бо аҳли зиё маҳсуб ёфта, як навъ наииҷагирӣ аз дастуру супоришҳои қаблан баёншуда маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат дар мулоқот бори дигар аз сабақҳои талхи солҳои навадуми қарни гузашта ва хисороти бузурги ҷониву иқтисодӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки маҳз хиради воло таҳаммулпазирӣ ва ифтихори баланди миллии шаҳрвандон сабаб шуд, ки мо ба сулҳу осоиштагӣ расидем. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазифаи муҳими давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин пеш аз ҳама баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ, беҳтаргардонии сатҳу зиндагии шоиста маҳсуб ёфт. Тадбиқи амалии се ҳадафи стратегӣ ва дар марҳилаи рушд қарор доштани чорумин ҳадафи стратегӣ имкон фароҳам овард, зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ орад.

Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд, ки ин рақами андак нест.

Эълони солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, таъсиси Ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, ба номи Исмоили Сомонӣ, ба номи академик Султон Умаров, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “”Илм фуруғи маърифат” ба хотири ҷалби бештари ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ маҳсуб мешавад.

Дар анҷоми мулоқот Алимат Мавлонзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам хубтар гардидани сатҳи таълим таъсис додани мактаби устоду шогирд, ки аз дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба манфиати кор буда, ин усул минбаъд дар коллеҷ истифода карда мешавад. Ҳамчунин таъсиси маркази захиравии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва маркази омодакунии ҷавонони навовару соҳибистеъдод бо ҷалби устодони фаъоли муассиса дар назар дошта шудааст.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.