Дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд.
Пули мошингузари пешина дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд гардида, кӯҳнаю фарсуда шуда буд. Соҳибкор Муллоҳомид Содиқов бар ивази пули барои ҳаҷ омодакарда ва маблағҳои шахсиаш ба миқдори 782 ҳазор сомонӣ барои мардуми деҳа истгоҳи нав ва пулро азнавсозӣ карда, ба ин васила кори хайрро анҷом дод.
Зимни баистифодадиҳии пули мошингузар гуфта шуд, ки имрӯзҳо саҳми соҳибкорон дар ободонии Ватан назаррас буда, ҳар яке кӯшиш ба харҷ медиҳад дар ободии диёри худ саҳми босазо гузошта, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварди арзанда пешвоз гирад.
Ба соҳибкор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори сипос карда шуд.