11-уми июни соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2024, №61 ва тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар ин самт, бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Қаҳорова Муноҷот, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон, муовини раиси шаҳри Конибодом Охунзода Одил ва аъзоёну намояндагони гурӯҳи кории доимоамали вилояти Суғд, аз ҷумла, судяи Суди вилояти Суғд Ашурзода Нурулло, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ризозода Равшан ва сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳимзода Маҳбуба иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро муовини раиси шаҳри Конибодом ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ карданд. Сипас, тибқи рӯзномаи вохӯрӣ масъулин доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои оила ва оиладорӣ сухан гуфта, ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.