Ваҳдату созиш – кафили рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдату созиш – кафили рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. 

Директори донишкада Абдурашид Ҷалилзода зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва устодону донишҷӯёнро ба конференсияи ҷумҳуриявӣ хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо талошу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ барқарор гардид. Дар он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ фақат як сухани «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ҳамчун ифодакунандаи орзую омоли мардуми тоҷик садо дода буд.

Ваҳдату созиш рукни ободии ҳар миллат аст. Вақте ки миллат бо як нигоҳ, як ақида - ободкориву созандагӣ, сулҳу субот кору фаъолият мекунад, ин имкон медиҳад натиҷаҳои бузургу назаррас дастрас шаванд. 

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ маърузаҳои пурмуҳтавои Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва рушди илму фарҳанги ҷомеаи Тоҷикистон”, Маҳмадалӣ Музаффарӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази антропологияи АМИТ дар мавзуи “Таснифоти системавии дониш ва илм ва баъзе масъалаҳои рушди илми тоҷик дар замони муосир”, Ахмедов Саид Ахмедович, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи онтология ва гносеологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Шуури динӣ ва миллӣ: айният ва ихтилофи онҳо” ва Саидов Абдуманнон Саторович, доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар мавзуи “Национальное единство – уникальное достижение независимого Таджикистана” шунида шуд.

Ҳамчунин, Солиҷонов Расулҷон, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ - муҳимтарин омили худшиносии миллӣ” баромад намуда, перомуни нақш ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ андешаҳои ҷолиб баён дошт. 

Конференсияи ҷумҳуриявӣ бо масъалагузориҳо, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор байни иштирокчиён хотима ёфт.