Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар толори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот аъзои гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат 9 марти соли 2024 баён доштанд, ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки бояд наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия карда шаванд.
Зимни вохӯрӣ инчунин ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.