«Тоҷикона мепӯшем!» Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҳамоиш баргузор гардид

Дар Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқии шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ бо иштироки донишҷӯдухтарон ва омӯзгорон ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид. 

Ҳамоиш дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, махсусан либоси миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ташкил гардид.

Донишҷӯдухтарон ва устодони онҳо тасмим гирифтаанд, ки бо бар намудани либосҳои миллӣ барои дигарон намунаи ибрат гардида, либосҳои хоси миллати тоҷикро тарғиб намоянд. Зеро, зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт ва тӯли асрҳо бонувони мо анъанаҳои миллиро зинда нигоҳ доштаанд.