Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳо – бозгӯи осори ниёгон” баргузор гардид.
Дар конфронс аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, донишҷӯ-таҷрибаомӯзони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Тавре таъкид гардид, Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983 муайян карда шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва мерос мондани он ба наслҳои оянда буда, аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории объектҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар барои ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2006 №251 қабул гардида, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2006 №194 ҷонибдорӣ гардидааст. Қонун аз 35 модда ва 7 боб иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд.
Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.