17 апрел дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро раиси Шӯро, муовини раиси Шӯро, котиб ва аъзоёни Шӯро, кормандону мураббиёни мактаби варзишии вилоят, омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва як қатор варзишгарон иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ифтитоҳ намуда, доир ба рўзномаи ҷаласа маълумот дод.
Зикр карда шуд, ки Шӯро бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шудааст. Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зери назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.
Сипас, аз рўи масъалаи якум ҳисоботи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр вобаста ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории мулоқоту вохўриҳо бо варзишгарони мамлакат баён гардидаанд, шунида шуд.
Гуфта шуд, ки дар Шӯрои ҳамоҳангсозии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи нақшаи фаъолият доир ба масъалаҳои омӯзиш ва ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар (аз 20.12.2010) ва Раиси вилояти Суғд зимни мулоқоту вохурӣ бо варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилоят, омодагӣ ва тайёрии захираҳои олимпӣ, рушди намудҳои паролимпӣ, сурдоолимпӣ ва олимпиадаи махсус дар мактабҳои варзишӣ ва раёсати маориф, сохтори иҷтимоӣ, рушди намудҳои даставӣ дар шаҳру ноҳияи вилоят, ташкили Бозиҳои лигавӣ дар намудҳои даставӣ (волейбол, баскетбол, футбол, чавгонбозӣ дар байни мактаббачагон, донишҷӯён, дар бораи намудҳои миллии варзишӣ ва намудҳои ниёгони вилоят, фаъолияти мактабҳои варзишии вилояти Суғд корбарӣ карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 30 декабри соли 2021, №568 тасдиқ шудааст, қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 июни соли 2022, №228 “Дар бораи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026” таҳия ва тасдиқ гардид, ки ҳаҷми маблағи умумии он дар зарфи панҷ сол 6 миллиону 420 ҳазор сомонӣ пешбинӣ ва амалӣ гардидаст.
Вобаста ба қабули Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2022-2026, қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят “Дар бораи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” қабул ва амалӣ гардида истодааст.
Ҳадаф аз қабули барнома, ин рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрасии он барои аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва бо ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Сипас, аз ҷониби як қатор мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо, мураббиёну масъулини мактаби варзишии вилоят баҳри рушду пешрафти соҳаи варзиш ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо иброз карда шуданд.
Дар интиҳо бо дарназардошти гузоришу маърӯзаҳо ва таклифу пешниҳодҳои иброзшуда дар назди масъулини соҳа ва аъзоёни Шӯро вазифагузорӣ карда шуд.