Таҳти унвони «Роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» семинар доир шуд

17 апрели соли 2024 бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят семинари машваратӣ таҳти унвони «Роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» баргузор гардид.

Дар семинар муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, раиси Шӯрои уламои дини вилоят, сардори Раёсати маорифи вилоят, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарасти соҳаи идеологӣ), сармутахассис-ҳуқуқшиносони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Семинари машваратиро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода оғоз намуда, таъкид намуд, ки мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст.

Сипас, доир ба роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарофиддин Шарифзода баромад намуда, иброз дошт, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бо он сабаб ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтааст, ки он барои расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани тамоми арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти ҳуқуқ ва қонун, иҷрои масъулияти ҳуқуқӣ, иҷрои уҳдадории эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва риояи тартиботи муқарраршуда мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки семинари имрӯза бо мақсади аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ пешниҳод намудани роҳҳо ва самтҳои самараноки ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил карда шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як ҷомеа нақши асосӣ дошта, бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои қонун,  эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва таъмини манфиатҳои оммавӣ мураккаб мебошад. Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, аз ҷумла муҳаққиқони ҳуқуқшинос ва шаҳрвандонро зарур аст, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин, дар кори семинар – машварат раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Парвиз Мирозозода, ёрдамчии калони Прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот Мириноят Пайрав Сайфидинзода, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Оятулло Раҳматзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Шӯҳрат Кенҷаев, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултаи мазкур Ғолибҷон Санавбаров, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ҷиҳати амалишавии фармони зикршуда таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷом муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода иштирокчиёни семинари машваратиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ буда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.