2 апрели соли 2024 гуруҳи аввалини ҷавонони синни даъватии ноҳияи Айнӣ, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёрнамуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Тазаккур дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2024 таҳти №791 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006” ҷавонони шуҷои ноҳия барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат даъват шудаанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонони шуҷои ноҳия бо хизмати бошараф дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳм мегузоранд ва зимни иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оинномаҳои хизматӣ, манфиатҳои сиёсӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро сарбаландона ҳимоят хоҳанд кард.
Сипас, даъватшаванда Фаррухрӯз Боймуродов аз деҳаи Кантеи Ҷамоати деҳоти Фондарё ва падари даъватшаванда аз деҳаи Марғеби Ҷамоати деҳоти Анзоб Маҳкам Пиров баромад намуданд. Аснои суханрониҳо қайд карда шуд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Сипас, ба ҷавононе, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд ва дар фазои тантанавӣ “Гувоҳнома”- и ронандагии онҳо супорида шуд.
Ҳамчунин, чун анъана маросими нонгазонӣ сурат гирифта, дар охир барномаи фарҳангии хубу хотирмон пешкаши иштирокчиён гардид.