Маросими тантанавии гусели даъватшавандагон дар Истаравшан

2 апрели соли 2024 дар майдони "Нишони давлатӣ" - и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии даъватшавандагон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои хизмати ҳарбӣ хубтару беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имруз дар шароити сулҳу субот ва оромиву осмони мусаффои кишварамон ҷавонон бо пайрави ба падарону бобоёни шўҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандўстона ихтиёран барои ба сафҳои Артиши Миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд.

Дар идома роҳбарият ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ҷавкандак, Қалъаи Баланд ва кумитаи маҳаллаҳои "Курушкада", “Имоми Аъзам”, ”Дилшоди Барно”, ки дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат сарбаландона иҷро намуданд, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом чун анъана маросими нонгазонии модарон ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардидаистода баргузор гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид.