Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Спитамен

70 нафар ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Спитамен ҷиҳати иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба ин муносибат дар назди Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон буда, ҳимояи сарҳади мамлакат вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмард бояд бошад.

Сарбози қаторӣ Алимардонзода Алимардон ва модари сарбоз Абдунабиева Гулмера баромад намуда, бо шукргузорӣ аз фазои ором ва суботи сиёсии мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хизмат ба Модар унвон карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.