1 апрели соли 2024 дар майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аъзои шӯрои ҷанговарони интернатсионалист ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорон, сарбозон ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо маросими гусели даъватшавандагон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад. Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷавонон ва даъватшавандагон иштирок ва суханронӣ намуда, хизмат ба Ватанро қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.
Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардиданд, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуданд ва ба тариқи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳия ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешаванд.




