1 апрел дар Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хидмати Модар – Ватан баргузор шуд.
Беш аз дусад нафар даъватшавандагон бо амри дил хидмати Ватанро ихтиёр намудаанд ва дар мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа касб омӯхтаанд, бо Парчам ва шиорҳои ватандӯстона дар даст, зери садои мусиқӣ ба майдон ворид шуда, саф оростанд.
Таъкид шуд, ки солҳои охир садҳо нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ба таври ихтиёрӣ, бо амри дил ва ифтихори баланди ватандӯстӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳр муроҷиат намуда, омодагиашонро барои хидмати Ватан изҳор медоранд ва даъватшавандагони имрӯза аз ҷумлаи чунин ихтиёриёни ватандӯст мебошанд.
Ба гурӯҳи даъватшававндагон - хатмкардагони мактаби Ташкилоти мададгори мудофиа шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр бо шеъру сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои ҷаззоб анҷомбахши маросими гусели гурӯҳи аввали даъватшавандагон ба хидмати Модар – Ватан буд.




