Дар шаҳри Гулистон ба муносибати гусели даъватшавандагон ҳамоиш доир гардид

1 апрел назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон маросими гусели ботантанаи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона таъкидгардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тўлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи мо ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

Таъкид карда шуд, ки хушбахтона, имрўзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро расонида истодаанд.

Боиси хушнудист, ки дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои Чоруқдаррон, Зарнисор ва Навгарзан нақшаи даъватро ба пуррагӣ иҷро карданд.

Дар маросими тантанавӣ ба як қатор даъватшавандагон, ки курсҳои ронандагиро ба итмом расонидаанд шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.

Сипас, чун анъана маросими нонгазонӣ ҷараён гирифт. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.