Гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

1 апрел дар ноҳияи Мастчоҳ як гурӯҳ ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

Ба ин муносибат дар майдони Парчами давлатӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, комиссари ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшудагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ - муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд. Ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки ҳамеша барои ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амният, бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо тамоми ҳастӣ саъю талош намоем.

Сипас, даъватшаванда Нурзода Абдумуталлиб ва имомхатиби масҷиди ҷомеи АХД “Фирдавсӣ” Саидмирзо Мухторов зимни суханронӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро вазифаи муқаддас дониста, аз ҷавонон даъват намуданд, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайваста, дар ин мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ сарбаланду садоқатмандона хидмати ҳарбиро адо намоянд.

Дар фарҷом ба 50 нафар даъватшавандае, ки бо ибтикор ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия курси ронандагиро таи ду моҳи охир омӯхтанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.