
29 марти соли 2024 таҳти раёсати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизони Суғд, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, полковники адлия Бахтиёр Шарифзода ҷаласаи шӯро баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Солизода Умед Иззатулло, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майор Умарзода Умар Сафар ва дигар аъзои шӯро, раисони комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, сардорони зершуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №621 аз 31 августи соли 2023, «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа гузориши ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, подполковники адлия Кабирзода Сидқӣ Файзалӣ оид ба санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар ин самт шунида шуд.
Ҳамзамон, муовини Раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Солизода Умед Иззатулло, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Истаравшан, Мастчоҳ, Гулистон, Бӯстон баромад намуданд.
Ба масъулини комиссияҳои даъвати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2024, пурра ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси марди синни 16-сола, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои беасос ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ озод кардани шаҳрвадон, инчунин пешгирии ҳолатҳои ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шахсони бемор ва аз хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат рухсат гардидани хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳо дода шуд.
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, полковники адлия Бахтиёр Шарифзода ҷаласаро ҷамъбаст намуд ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ироашуда аз ҷониби аъзои шӯро ва иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.




