
Дар ноҳияи Айнӣ ба кабудизоркунии шафати роҳҳо, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, чанд сол аст, ки дарахтони ҳамешасабз, сояафкан, ороишӣ ва ҳамчунин ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида мешавад.
Дирӯз, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо ширкати "IRS" дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.
Дар назат аст, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 300 адад ниҳолҳои ороишӣ шинонида шаванд.
Ҳамчунин, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони маркази ноҳия Муллоҳасан Ҳомидов ва Теҳронбек Зуҳуров дар хиёбони Рӯдакии маркази ноҳия, дар шафати шоҳроҳи мазкур ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида, дар хуррамгардонии диёри худ саҳми арзанда гузошта истодаанд.




