Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат мулоқот доир гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни баргузории Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022 баён доштанд, намояндаи вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо мардуми ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодааст.

Чунин як мулоқоти васеи фаъолони ноҳия санаи 4 апрели соли 2022 ташкилу баргузор карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод  зимни суханронии худ оид ба муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, самаранок истифодабарии замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва дар ҳар як оила захира намудани маводи ғизоӣ барои накам аз ду сол, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию сабзгардонӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ дар маҳалҳо аз ҳисоби масъулони соҳаи кишоварзӣ, шуъбаву бахшҳои занону ҷавонон, кор бо дин ва танзими ҷашну маросим, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҲХДТ ва дигар фаъолони маҳал андешаҳои ҷолиб баён намуда, мақсадҳои дурбинонаи Сарвари давлатро ба иштирокдорони маҷлис шарҳу эзоҳ дод.

Дар навбати худ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби масъули вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуданд, масъулони дахлдори мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатиро вазифагузорӣ намуд, ки бо сокинони ноҳия дар ҷойи истиқоматашон корҳои фаҳмонидадиҳиро доир намоянд. 

Сафари кории Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод  ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек бо мулоқотҳои инфиродиву шиносоии наздик аз вазъи зисту зиндагонии мардум дар шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд