Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо донишҷӯёне, ки дар маркази вилоят таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намуд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5-уми апрели соли 2022 дар маркази вилоят мулоқоти раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо беш аз 300 зодагони ноҳия, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои миёна ва олии касбии вилояти Суғд таҳсил мекунанд, доир шуд.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳия аз ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони ноҳия дар баробари дигар ҷавонони кишвар шукри истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ намуда, саҳми худро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа гузошта истодаанд.

- Тавре дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат иброз доштанд: “ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд”. Мо низ умед бар он мебандем, ки Шумо бо баҳои хубу аъло ва донишу интизоми намунавӣ хатм карда, дар оянда баҳри шукуфоии ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон камари ҳиммат мебандед,-гуфт дар идома раиси ноҳия.

Муқим Муродзода ҳамчунин қайд кард, ки дар соли 2022 шумораи гирандагони стипендияи раиси ноҳия аз 30 нафар ба 50 нафар расида, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия он 50% зиёд карда шуд.

Дар ин миён, чанде аз донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд ва дар охир ба чанде аз донишҷӯёни камбизот ва ниёзмандон туҳфаҳои молиявии роҳбарияти ноҳия супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд