
20 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар муасисаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона баргузор мешавад.
Чорабиниҳои идона бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва ятимону маъюбон ташкил карда хоҳад шуд.
Дар чорабиниҳои наврӯзӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуда, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ мерасонанд.
Барои бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ дастархони идона ороста шуда, тӯҳфаҳо супорида мешавад.




