Хуҷанд. Ҷамолиддин Абдуллозода собиқадорони соҳаи тандурустиро аёдат кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, чанде аз собиқадорони соҳаи тандурустиро аёдат кард.

Ҷамолиддин Абдуллозода ҳангоми дидорбинӣ бо собиқадорони соҳаи тандурустӣ Барно Ахмедова, Фарҳод Юсупов, Марҳамат Сайдуллоева, Набиҷон Раупов,  Муҳаббат Абдуҳалимова, Ирина Саприкина ва дигарон аз ҳолу аҳвол ва зиндагии эшон пурсон шуда, роҷеъ ба раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд маълумот дод.

Таъкид гардид, ки мардум ба шарофати сулҳу амният ва осоиштагӣ бо меҳнати суботкорона дар пешрафти мамлакат саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Хизмати собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва онҳо омода ҳастанд, ки мушкилот ва дархости онҳоро ҳаллу баррасӣ намоянд.

Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу дастгириҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ ва амну осоиштагӣ дуои нек намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд