
Аз 12 то 14 марти соли равон 19-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ – “AgroWorld Uzbekistan 2024” дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Ин чорабинии минтақавӣ шумораи зиёди меҳмононро ҷалб кард ва дар он 135 ширкат аз 21 давлати ҷаҳон иштирок намуд.
Тибқи иттилои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд зиёда аз 15 ширкати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Суғд, аз ҷумла ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”, ҶСП “Деҳқон”, ҶДММ “Кишоварз”, ҶДММ “Обрасон”, ХД “Халифа”, ХД “Баракат” ва дигарон барои омӯхтани таҷриба, воридоти техника ва техонологияи кишоварзӣ аз Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ – "AgroWorld Uzbekistan 2024” дидан намуда, бо иштирокчиёни ин намоишгоҳҳо вохӯриҳо доир намуданд.
Дар ҷараёни намоишгоҳ конфронси байналмилалии соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, ки он намояндагони ширкатҳои бонуфузи ин соҳа, мутахассисон ва коршиносони байналмилалиро дар як платформаи тиҷоратӣ муттаҳид намуд.




