Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ДДҲБСТ

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо риояи анъанаҳои миллӣ Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифт.

чорабинии тантанавӣ доир гардид. 

Дар чорабинӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ ороста шуда, дар он хӯрокаву хуришҳои хоси ин ҷашни қадимаи мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуд. 

Тавре таъкид гардид, Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хоса ва шукргузории том таҷлил мегардад. 

Дар доираи чорабинии мазкур байни факултетҳо озмун таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” баргузор гардид, ки аз шаш номинатсия: "Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ, маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон", "Беҳтарин газетаи деворӣ", "Беҳтарин дастони моҳир", "Беҳтарин зебосанами наврӯзӣ ва баҳори наврӯзӣ", "Беҳтарин намоиши анъанаҳои наврӯзӣ" ва "Беҳтарин суруд ва рақси идона" иборат буд. 

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян гардида, бо диплом ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.