
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон сарчашма мегиранд, имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуда истодааст.
Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии №21 ва №32-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин падару модарон, раисони маҳалла, муҳассилин ва омӯзгорону маъмурияти муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки таълиму тарбия, азхуд намудани донишу маърифат ва ёд гирифтани забонҳои гуногун аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар назди сохторҳои дахлдор, бахусус мактабу маориф, волидайн ва ҷомеа вазифа гузоштааст, ки ба ин масъалаҳои муҳим аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.




