Исфара. Саҳми сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ назаррас аст

Аз қадимулайём ободониву созандагӣ пешаи мардуми тоҷик буда, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Исфара сол ба сол ободу зебо мегардад.

Дар ҳақиқат, имрўзҳо бо ташаббус ва дастгирии мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони меҳанпараст симои шаҳри Исфара боз ҳам дилрабо мегардад. Бунёди хонаҳои баландошёнаи замонавӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, мавзеъҳои истироҳату фароғатӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву маишӣ ба ҳусни шаҳр боз ҳусн зам менамоянд.

Дар ин радиф мардуми шаҳри Исфара ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараёни тоза бахшида, аз ҷумла шинонидани гулҳои ороишӣ ва мавсимиро ба роҳ мондаанд.

Корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳама гӯшаву канори шаҳр бомаром ҷараён дошта, имрӯзҳо Исфара ба як шаҳри гулафшон табдил ёфтааст. Сабзкориҳо ва дарахтону гулҳои ороишии хушнамуд, роҳраву гулгаштҳои зебову дилрабо ба шаҳр ҳусни тоза бахшида, табъи сокинону меҳмонононро болида месозанд.  

Корҳои ободонию сабзкорӣ ҳамарӯза тибқи нақшаи асосии хуррамгардонӣ, бунёдкорӣ ва навсозии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Исфара идома дорад.