"Донишномаи Истаравшан" бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан рӯнамоии китоби "Донишномаи Истаравшан" баргузор гардид.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нашри китоби "Донишномаи Истаравшан"-ро ба аҳли зиё ва сокинони Истаравшани бостонӣ шодбош гуфта, зикр дошт, ки китоби мазкур бо дастгирии Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурӯҳи эҷодӣ дар муддати се сол таҳия гардида, аз аввалин энсиклопедияҳои маҳаллист, ки дар ҳамкорӣ бо Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик ба меъёрҳои илмӣ мутобиқ гардонида шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар нашриёти “Эр-граф” бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид. “Донишномаи Истаравшан” маҳсули заҳматҳои аҳли зиёи шаҳри Истаравшан дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода гардидааст.

Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов  сокинони шаҳрро бо ин рузи фараҳбахш табрику таҳният намуда, баҳри дастгириҳои ҳамаҷониба ба Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти шаҳри Истаравшан миннатдории самимонаи хешро аз номи худ ва сокинони шаҳр расонид ва нусхаи аввалини "Донишномаи Истаравшан"-ро ба раиси шаҳри Истаравшан ҳамчун армуғони идона тақдим намуд.

Да рӯнамои китоби мазкур қайд гардид, ки соли 2018 бо қарори раиси шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии эшон, ки ба ҳайси сармуҳаррир ва аъзоёни гурӯҳ Саидумари Султон, Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Ҳусейни Нарзулло, Ҳикматулло Насруллоев, Сайфулло Махкамов гурӯҳи эҷодӣ таъсис ёфта, тӯли се сол бо заҳматҳои зиёд "Донишномаи Истаравшан" нашр гардид.

Дар донишнома очеркҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, маълумот дар бораи фарҳангу ҳунар ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр, инчунин дастовардҳои мардуми Истаравшан дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, санъат, косибию ҳунармандӣ, тиҷорат ва ғайра маълумоти ҷолиб ҷой дода шудааст. Аз ҷумла, дар бораи бештар аз 2400 нафар фарзандони номдори шаҳри Истаравшан маълумоти тарҷумиҳолӣ дода шудааст, ки он барои таърихшиносону ҷомеашиносон муҳим буда, махсусан барои ҷавонон корнамоии шахсони машҳури илм, маориф, тандурустӣ, соҳибкорон, роҳбарони хоҷагию сохторҳои давлатӣ, ки дар замони гуногун фаъолият кардаанд, намунаи ибрат мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд