Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори сазовор гардиданатон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия - ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) барои саҳми барҷастаатон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон шахсан аз номи худ ва мардуми вилояти Суғд табрику таҳният намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, бахту саодати пойдор, рӯзгори бегазанд ва дар фаъолияти серҷабҳаи давлативу сиёсиатон дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям. 

Дар қатори тамоми мардуми кишвар ва тоҷикони ҷаҳон имрӯз мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо номи нек ва кору пайкори башардӯстонаи Шумо, сиёсати мардумпарварона ва саъю талошҳои созандаатон дар арсаи байналмилалӣ, бахусус Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) соҳиби мақому мартабаи хоса гардидааст. 

Ин иродату эътироф ва эҳтирому қадршиносӣ башорати эътирофи шахсияти Шумо, ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ ва нишони эътимоду боварӣ ба сиёсати воло ва хирадмандонаи Шумо маҳсуб меёбад.

Мардуми сарбаланди вилояти Суғд бо сарафрозӣ минбаъд низ сиёсати хирадмандонаи Шуморо ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, таҳти раҳнамоӣ ва роҳбарии Шумо бо мақсади пешрафту тараққиёти минбаъдаи Ватани азизамон ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузургу фархундаи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.  

Бо камоли иродату сарфарозӣ бори дигар ин мукофоти баландро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ табрику таҳният гуфта, таманно менамоем, ки ба бахту нусрати мардуми Тоҷикистон ва сарсабзиву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

 

Бо эҳтиром, 

Раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода