Омодагиҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

4 апрели соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Гулистон машварати корӣ доир гардид.

Дар кори машварат муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Машварат бо сухани ифтитоҳии  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оғоз ёфт. Номбурда иброз дошт, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Дар машварат ҳамзамон барои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, таъмини иҷрои нишододҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои вобаста ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, сарфаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, ниҳолшинонӣ, ҷалби кормандони корхонаву муассисаҳо ба маъракаҳои беҳтар намудани фазои экологӣ, таъминоти муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ бо мутахассисони ҷавон масъулин вазифадор гардиданд. Масъалаҳои дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону барҷомондагон, шахсони дорои имконияти маҳдуд, расонидани кӯмакҳои моддӣ ба чунин оилаҳо, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор доранд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта шуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Моро зарур аст, ки ба масъалаи даъвати муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷуҳи хоса зоҳир намоем.

Ҳамзамон дар машварати корӣ оид ба таъсис додани корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии гароншавии маводҳои ниёзи аввал ва дигар тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин вазифадор карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд